Аслишо Акимбеков дар бораи Ораз Олимшо: ӯ ҳоло сабки худро наёфтааст

Раиси Кумитаи фарҳанги созмони "Нур" Аслишо Акимбеков бовар дорад, ки Ораз Олимшо аз беҳтарин сарояндагони Тоҷикистон хоҳад шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Чанде пеш дар Маскав нахустин консерти овозхони ҷавони Бадахшон Ораз Олимшо баргузор шуд. Наздики се соат овозхон бо овози зинда ҳунарнамоӣ кард.

Муҷрии ин барнома раиси Кумитаи фарҳанги созмони "Нур" Аслишо Акимбеков буд. Дар ҳошияи ин консерт хабарнигори Sputnik Тоҷикистон назари Акимбековро дар бораи ҳунари Ораз Олимшо пурсон шуд.

Ораз Олимшо: даромади аслии овозхонон консерт нест

Ба гуфти Аслишо, Ораз аз камтарин овозхонони ҷавон аст, ки овози боқувват дораду кӯшиш мекунад роҳҳои нави ҳунариро дар барномаҳояш истифода кунад.

"Фикр мекунам, Ораз сарояндаи наве дар ҷаҳони ҳунарии Тоҷикистон аст ва ӯ мақоми баландеро дар ин ҷода касб хоҳад кард. Ӯ овозхонест, ки мехоҳад чизе тозаеро дар эстардаи тоҷик биофарад", — гуфт Аслишо дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Вай афзуд, ки овози Ораз дар ҷодаи ҳунар истеъдод дорад.

"Ин овозхони гуногунҷабҳа аст. Ораз ҳам менавозад, ҳам матн менависад ва ҳам овозхонӣ мекунад. Ӯ овози бисёр боқувват дорад, ва потенсиалиалаш бузург аст. Вале фикр мекунам, ки Ораз ҳоло сабки хоси худро наёфтааст", — бовар дорад Аслишо Акимбеков.

Ораз Олимшо тоҷикони Русияро бо овози ҷаззобаш тасхир кард

Аслишо Акимбеков ҳамчунин хабар дод, ки дар ояндаи наздик барномаи консертии Оразро дар дигар шаҳрҳои Русия баргузор хоҳад кард.  

Ёдоварӣ мекунем, ки чанде пеш дар Маскав консерти нахустинии овозхони ыавон Ораз Олимшо баргузор шуд. Дар ин консерт овозхон сурудщои  "Бахех ке ҷони ширин мурд", (Бубахшам ҷони ширин), "Мате то", (Ту нарав), "Азум ҳайрон та ҷат", (Ҳайрони туям),  "Лалаяк", —"Тут дил дарун ягона", (Ту ягонаӣ),  "Помир санамен" (Санамҳои Помир), "Бадахшон татиюм даргил" (Бадахшон пазмонат ҳастам), "Ҳаво тира гумон нур зайти борон" (Ҳаво имрӯз тира аст)-ро пешкаши мухлисон кард.