ДУШАНБЕ, 10 мая - Sputnik. Дар Маскав дар Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия ба номи Патрис Лумумба конфронси байналмилалии илмӣ "Ҷанги Бузурги Ватанӣ: Ваҳдати халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун омили пирӯзӣ ва асоси ҳамкории муосир" баргузор шуд.
Дар ин чорабинӣ намояндагони ҷомеаи илмӣ, дипломатҳо, коршиносон, шахсиятҳои ҷамъиятӣ, муаллимон ва донишҷӯёне, ки ба ҳифзи хотираи таърихӣ, тақвияти муколама байни миллатҳо ва дарки саҳми муштараки халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ғалаба бар фашизм манфиатдоранд, ҷамъ омаданд.
Салимзода Каримҷон, коршиноси масоили сиёсӣ, унвонҷӯи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Русия дар ин чорабинӣ гуфт, ки имрӯз таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар маркази ҷанги иттилоотӣ барои зеҳни одамон, бахусус насли ҷавон, қарор гирифтааст.
Вай гуфт, ки кишварҳои Ғарб талош доранд ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравиро аз таърихи муштаракашон ҷудо кунанд.
“Кӯшишҳои коҳиш додани саҳми Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳар як ҷумҳурии собиқи Шӯравӣ дар Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо таҳриф кардани таърихи он торафт бештар шудааст”, - гуфт ӯ.
Вай гуфт ин нерӯҳо мехоҳанд орзуҳои муштараки давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравиро барои ягонагӣ, сиёсати ҳамоҳангшудаи дохилӣ ва хориҷӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ халалдор кунанд, инчунин Пирӯзии муштараки моро кам кунанд, хотираи онро аз байн баранд ва бо ин моро аз қувваи эҷодӣ ва муттаҳидкунандаи яке аз рамзҳои асосии асри 20-и гузашта маҳрум созанд.
“Иттиҳоди Шӯравӣ дар шикасти мошини низомии фашистии Олмон нақши ҳалкунанда бозид”, - гуфт коршинос.
Салимзода Каримҷон бар он аст, ки сохтакории таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.
“Сохтакорӣ дар Ғарб ба таври васеъ истифода мешавад. Вақте ки онҳо дар бораи қурбониёни ҷанг сухан мегӯянд, онҳо асосан зиддифашистҳо, яҳудиён ва лӯлиҳоеро, ки дар урдугоҳҳои консентратсионӣ фавтидаанд ё аз ҷониби фашистон ба қатл расиданд ҳисоб мекунанд, аммо дар бораи талафоти инсонии Иттиҳоди Шӯравӣ чизе гуфта нашудааст”, гуфт ӯ.
Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин ҷанг тақрибан 27 миллион нафарро талафот дод.
Коршиноси тоҷик афзуд, ки сохтакорӣ худ аз худ як чизи даҳшатнок аст.
“Ҳамаи ин аз муборизаи бераҳмона барои шуури одамон, бахусус ҷавонон, ки аз хотираи таърихӣ ва ҳақиқати таърихӣ маҳруманд, шаҳодат медиҳад”, - гуфт Салимзода.
Коршинос таъкид кард, ки ягона роҳи мубориза бо сохтакориҳои Ғарбӣ ин баёни пеш аз ҳама, ҳақиқат дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳақиқат дар бораи корнамоиҳои қаҳрамононаи падарон ва бобоёни мост.
Ёдовар мешавем, танҳо аз Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор нафар ба ҷанг рафта, аз ин шумора зиёда аз 100 ҳазор кас дар муҳорибаҳо ҳалок шудаанд. 64 нафар аз фарзандони шуҷои тоҷик барои корнамоиҳои беназир ва ҷоннисорӣ сазовори унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шудаанд.