ДУШАНБЕ, 9 май – Sputnik. Айни замон сӯҳбати нави президентҳои Русия ва ИМА Владимир Путин ва Доналд Трамп дар бораи низоъ дар Украина ба нақша гирифта нашудааст.
Дар ин бора сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков хабар дод.
"На, дар айни замон чунин нақшаҳо вуҷуд надоранд", - гуфт сухангӯи Кремл.
Қаблан, ёвари президенти Русия Юрий Ушаков эълон кард, ки Русия бо ташаббуси Трамп барои оташбас бо Украина аз 9 то 11 май розӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижа низомӣ анҷом медиҳад. Президенти Русия Владимир Путин рисолати онро "ҳимояи одамоне, ки ҳашт сол боз аз ҷониби режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти виаи низомӣ озод кардани Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои Ғарб расман даст доштани худро дар низоъ дар Украина рад мекунанд, аммо ба Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина силоҳ медиҳанд.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли дорои силоҳ, ки барои Украина пешбинӣ шудааст, ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд. Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо таъмини силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд".
Дар айни замон, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор карда буд.