ДУШАНБЕ, 8 май – Sputnik. Гардиши мол Ӯзбекистон бо кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ беш аз 5 миллиард долларро (28,2% аз ҳаҷми умумӣ) ташкил дод.
Қайд карда шудааст, ки аз кишварҳои ИИАО воридот бештар аз содирот аст.
содирот – 1,5 миллиард доллар;
воридот – 3,5 миллиард долларро ташкил дод.
Русия бар асоси натиҷаҳои соли гузашта шарики асосӣ дар Иттиҳод боқӣ мемонад.
Байни кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё қаламрави муштараки иқтисодӣ бо низоми ягонаи гумрукӣ ташкил дода шудааст, ки ҳаракати озоди мол ва хизматрасонӣ, муҳоҷирон ва сармояро таъмин мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.