Домулло Азизов, Фатҳулло Аҳмадов ва Вилдан Ҳабиев — номҳои се Қаҳрамони тоҷики Иттиҳоди Шӯравӣ — бо ҳарфҳои тиллоӣ дар Толори Ғалабаи Осорхонаи Таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Минск кандакорӣ шудаанд.
Виктор Шадурский, корманди калони Осорхонаи давлатии Таърихи Ҷанги Бузурги Ватании Беларус, ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи корнамоиҳои сарбозони тоҷик, ки Пирӯзии Бузургро наздик карданд, изҳори назар кард.
"Сарбозони дивизияи савораи гвардияи 17-ум, ки аксарашро сарбозони тоҷик ташкил медоданд, дар набардҳо барои Мозир қаҳрамонӣ нишон доданд. Фатҳулло Аҳмадов дар ин набардҳо шуҷоату қаҳрамонӣ нишон дод. Вай аз ҷумла бо милтиқи зиддитанкӣ, чанд ҳадаф аз ҷумла тонки вазнини "Тигр"-ро нобуд кард", - гуфт Шадурский.
Шаҳр дар моҳи январи соли 1944 озод карда шуд ва дивизияи савораи гвардияи 17-ум унвони фахрии "Мозир"-ро гирифт.
Муҳим аст, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ қатораҳои ҳомили хӯрокворӣ, либос ва лавозимоти ҷангӣ низ аз Тоҷикистон ба хатти ҷабҳа равон карда шуд.
Sputnik Тоҷикистон видеоеро дар бораи қаҳрамонӣ ва истодагарии сарбозони тоҷик, ки Рӯзи Ғалабаро наздиктар карданд, пешкаш мекунад.