Раиси Хатлон шахсан кӯмакпулии Раҳмонро ба собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ расонд

Ба Сафаралӣ Файзалиев куҳансарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ 50 ҳазор сомонӣ кумакпулии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тақдим карда шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 мая - Sputnik. Дар арафаи таҷлили 81-умин солагии Рӯзи Ғалаба намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, Раиси вилояти Хатлон, роҳбарони шаҳри Бохтар ва ноҳияи Кӯшониён ба дидорбинии собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Сафаралӣ Файзалиев рафтанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ба Сафаралӣ Файзалиев маблағи 50 ҳазор сомонӣ кумакпулии раисҷумҳури кишвар тақдим карда шуд.
Инчунин Раиси вилояти Хатлон аз ҷониби худаш ба ин куҳансарбоз 15 ҳазор сомонӣ ва туҳфаҳои идона тақддим кард.
Раиси шаҳри Бохтар низ ба куҳансарбоз 10 ҳазор сомонӣ ҳамчун туҳфа супорид.
Ёдовар мешавем, ки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид барои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар маҷмуъ 75 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ ҷудо намудааст.
Ҳаҷми кӯмакпулии Раҳмон ба куҳансарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ маълум шуд
Раиси вилояти Хатлон джар дидор бо куҳансарбоз қайд кард, ки собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои ҳифзи сулҳу озодӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи имрӯз хизмати бузург анҷом додаанд ва роҳбарияти давлат ҷоннисориҳои онҳоро ҳамеша қадр менамояд.
Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 5 нафар собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1941–1945) дар қайди ҳаёт мебошанд.
Ҳамасола дар арафаи Рӯзи Ғалаба ба онҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон кумакпулӣ ва туҳфаҳо расонида мешавад.