ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Барои ҳар 8 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон, ки феълан дар қайди ҳаётанд, аз хазинаи захиравии президенти кишвар 50 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Дар ин бора аз Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.
"Президент фармони кумакпулӣ ба куҳансарбозонро имзо кард ва акнун ҳар яки онҳо то 9 май ин миқдор маблағро хоҳанд гирифт", - изҳор дошт манбаъ.
Бояд гуфт, ҳар сол дар арафаи иди Ғалаба бо фармони президенти Тоҷикистон ва роҳбарони шаҳру вилоятҳо, куҳансарбозон бо мукофотпулиҳо ва дигар кумакҳо қадрдонӣ мешаванд.
Чанде пеш мақомоти вилояти Суғд эълон кард, ки барои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва коргарони ақибгоҳ 440 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст.
Дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ дод, ки айни замон дар вилоят ҳамагӣ 2 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагӣ мекунанд, ки ҳарду сокини ноҳияи Деваштич мебошанд.
Дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ дод, ки айни замон дар вилоят ҳамагӣ 2 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагӣ мекунанд, ки ҳарду сокини ноҳияи Деваштич мебошанд.
Барои қадршиносии ду иштирокчии ҶБВ имсол аз ҷониби раиси вилоят 50 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ ҷудо карда шудаастт, афзуд манбаъ.
Ҳамчунин, ба 39 нафар иштирокчиёни ақибгоҳ низ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ, дар умум 390 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ дода мешавад.
Ба иттилои Шӯро, то имрӯз дар Тоҷикистон 8 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 дар қайди ҳаётанд.
Ба иттилои Шӯро, то имрӯз дар Тоҷикистон 8 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 дар қайди ҳаётанд.