Вазорат: Барқрасонӣ дар манотиқи селзадаи шаҳри Кӯлоб пурра таъмин шуд

Сел дар баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ба инфрасохтори энергетикӣ, аз ҷумла хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои шиддати паст низ зарар расонда буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 мая – Sputnik. Барқрасонӣ дар манотиқи аз офати табии зарардидаи шаҳри Кӯлоб пурра таъмин карда шуд.
Ба гузориши Вазорати энергетика ва захоири оби ҷумҳурӣ, дар натиҷаи офати табиӣ, ки шаби 1-уми май дар шаҳри Кӯлоб ба вуқӯъ пайваст, дар баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ба инфрасохтори энергетикӣ, аз ҷумла хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои шиддати паст низ зарар расонд.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои президенти, ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ, сохторҳои энергетикии минтақаи Кӯлоб фавран ба корҳои барқарорсозӣ сафарбар карда шуданд, афзуд манбаъ.
“Мутахассисону кормандони соҳа бо истифода аз тамоми имкониятҳои техникӣ ва захираҳои мавҷуда, шабонарӯзӣ фаъолият бурда, хатҳои зарардидаро таъмиру барқарор намуданд”,- афзуд манбаъ.
Таъкид мешавад, ки айни замон, барқтаъминкунӣ дар ҳамаи минтақаҳои осебдидаи шаҳри Кӯлоб пурра барқарор гардида, аҳолӣ ва корхонаву муассисаҳо бо неруи барқ таъмин мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки шаби 1 май бар асари боришоти шадид дар баъзе маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб ҳодисаи нохуши табиӣ — обхезӣ ва сел ба амал омада, бархе аз кӯчаю маҳаллаҳо осеб дидаанд.
Маълум шуд, ки сели харобиовар ба чанд оила дар Кӯлоб зарар расонид
Дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуши табиӣ, се сокини шаҳр фавтида, се каси дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар муассисаҳои тиббӣ бистарӣ шудаанд.
Ҳамзамон бар асари ин офати табиӣ ба манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, иншооти ёрирасон, роҳҳо, инфрасохтори шаҳрӣ ва дигар иншоот зарар расидааст.
Раисҷумҳури кишвар ба пайвандони фавтидагон изҳори ҳамдарддӣ баён кард ва супориш дод ба хонаводаҳои зарардида кӯмаки ҳамаҷониба расонида шавад.
Қайд карда шудааст, ки сарвазири кишвар, ба мақомоти шаҳри Кӯлоб ва дигар ниҳодҳои давлатӣ барои дар кутоҳтарин муҳлат бартараф намудани пайомадҳои офати табиӣ ва расонидани кумакҳои фаврӣ ба мардуми зарардида супориш дод.
Таъкид гардид, ки техникаву механизмҳои зарурӣ пурра сафарбар гардида, корҳои тоза намудани роҳу кӯчаҳо, барқарорсозии ҳаракати нақлиёт, таъмири инфрасохтори зарардида ва расонидани кумак ба аҳолӣ бояд дар муҳлати кӯтоҳ анҷом дода шаванд.
Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони сел дар Кӯлоб кумак мефиристад
Ҳамзамон ба масъулон супориш дода шуд, ки гурӯҳҳои корӣ ташкил намуда, аҳолии осебдидаро бо маводи ғизоӣ таъмин созанд, ёрии аввалини тиббию санитарӣ расонанд, сокинони минтақаҳои хавфнокро ба ҷойҳои бехавф кӯчонида, дар мавзеъҳои осебпазир навбатдории шабонарӯзӣ ташкил намоянд.
Ҳоло дар кӯчаҳо ва маҳаллаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб бо истифода аз техникаву механизмҳои махсус корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел, тозакунии минтақаҳо ва барқарор намудани шароити муътадили зиндагии сокинон идома доранд.