Натиҷаи Тоҷикистон дар Dushanbe Grand Slam 2026: кӣ бурду кӣ бохт

Мусобиқаи байналмилалии ҷудо, ки дар он садҳо варзишгар ширкат доштанд, аз 1 то 3 май дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 май - Sputnik. Мусобиқаи "Гранд Слами Душанбе-2026" дар Тоҷикистон ба анҷом расид.
Федератсияи байналмилалии ҷудо натиҷаҳои мусобиқаро эълон кард.
Қайд карда мешавад, ки дар ин мусобиқа, ки аз 1 то 3 май дар пойтахт баргузор шуд, 240 варзишгар аз 34 кишвар ширкат варзиданд.
Тоҷикистонро 40 варзишгар намояндагӣ карданд, ки дар маҷмӯъ чор медал, аз ҷумла се тило ва як биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар рӯзи аввали мусобиқа Эмомалӣ Нуралӣ бо пирӯзӣ аз рақибонаш аз якчанд кишвар медали тилло ба даст овард ва дар финал Азизбек Ортиқов аз Узбакистонро мағлуб кард.
Илова бар ин, 1 май ҷудочии тоҷик Лоиқ Қутбуддинов дар мубориза барои ҷои сеюм бар Максим Мерлин аз Фаронса пирӯз ва медали биринҷӣ ба даст овард.
Русия дар мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2026 аз рӯи теъдоди медалҳо барандаи ҷои аввал шуд.
Дар рӯзи дуюми мусобиқа Муҳиддин Асадуллоев дар финал Карен Галстяни русро мағлуб карда, медали тилло ба даст овард. Дар роҳи пирӯзӣ, Асадуллоев бо ҷудочиёни Имороти Муттаҳидаи Араб, Озарбойҷон ва Узбекистон рақобат кард.
Ғайр аз ин, 2 май Сомон Маҳмадбеков низ бо пирӯзӣ бар Бернд Фашинги австриягӣ мақоми аввалро ишғол кард.
То охири рӯзи сеюми мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон натавонистанд ягон ҷоиза ё мукофот ба даст оранд.
Пас аз мусобиқа, варзишгарони ҷумҳурӣ дар ҷадвали умумии медалҳо ҷои дуюмро ишғол карданд.
Русия бо ба даст овардани 12 медал, аз ҷумла се тило, се нуқра ва шаш биринҷӣ, ҷои аввалро ишғол кард.
Сегонаи аввали рейтингро намояндагони Муғулистон бо панҷ медал, аз ҷумла 2 тило, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ, пурра кардан.