Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Интихобот дар Украина танҳо дар сурате баргузор мешавад, ки Зеленский набошад

Ба гуфтаи соби қсарвазир режими Зеленский хӯҷаинҳо дорад, дар ин ҳолат амрикоиҳо ва шояд то андозае бритониёиҳо, ки сиёсати ӯро муаян мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 мая - Sputnik. Амрикоиҳо ва бритониёиҳо Владимир Зеленскийро пурра назорат мекунанд ва сиёсати ӯро муайян мекунанд.
То он даме, ки режими ӯ вуҷуд дорад, дар Украина интихоботи президентӣ баргузор нахоҳад шуд.
Дар ин бора сарвазири собиқи Украина Николай Азаров дар мусоҳиба бо RT изҳор дошт.
"Интихобот имсол танҳо бо як шарт баргузор мешавад: агар режими Зеленский барканор шавад. Яъне, агар ӯро режими дигар иваз кунад. Онҳо ӯро ҳамон тавре иваз мекунанд, ки амрикоиҳо ба иваз кардани режимҳо одат кардаанд. Роҳи дигаре нест", - қайд кард манбаъ.
Дар айни замон, Азаров ба назарияе майл дорад, ки вақте Зеленский дигар ба ҳомиёни кунунии худ даркор нашавад, ӯро муттаҳам ва зиндонӣ мекунанд, ба монанди президенти Венесуэла Николас Мадуро.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Захарова: Зеленский хиёнаткор аст
Аммо ин ба зудӣ рух нахоҳад дод, - гуфт сарвазири собиқ.
"Ҳоло механизми дигаре барои тағйири режим дар Украина вуҷуд надорад. Ин режим хӯҷаинҳо дорад, дар ин ҳолат амрикоиҳо ва шояд то андозае бритониёиҳо. Онҳо сиёсати ин режимро муайян мекунанд. Ва тағйири режим қисми нақшаҳои онҳо нест", - таъкид кард сарвазири собиқ.