Эрон ИМА-ро аз наздик шудан ба гулӯгоҳи Ҳурмуз ҳушдор дод

Гузариши танкерҳо ва киштиҳои тиҷоратӣ аз гулӯгоҳи Ҳурмуз бо ҳамоҳангӣ бо Нерӯҳои Мусаллаҳи Эрон анҷом дода мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 май - Sputnik. Теҳрон Иёлоти Муттаҳидаро аз наздик шудан ба гулӯгоҳи Ҳурмуз ҳушдор медиҳад.
Дар ин бора Алӣ Абдуллоҳӣ, фармондеҳи Ситоди марказии Нерӯҳои Мусаллаҳи Эрон (Хотам-ул-Анбия) изщор дошт.
"Мо ҳушдор медиҳем, ки ҳар гуна нерӯҳои мусаллаҳи хориҷӣ, бахусус Иёлоти Муттаҳида, ки кӯшиши наздик шудан ва ворид шудан ба Ҳурмузро мекунанд, аз ҷониби нерӯҳои мусаллаҳи Эрон мавриди ҳамла қарор хоҳанд гирифт", - гуфтааст хабаргузории Fars аз суханони Абдулллоҳӣ.
Ӯ қайд кард, ки низомиёни Эрон гулӯгоҳи Ҳурмузро назорат мекунанд ва танкерҳо ва киштиҳои тиҷоратӣ метавонанд бо ҳамоҳангӣ бо нерӯҳои мусаллаҳи Эрон аз он гузаранд.
Дирӯз президенти ИМА Доналд Трамп амалиёти "Озодӣ"-ро барои хориҷ кардани киштиҳои дар гулӯгоҳи Ҳурмуз бандмонда эълон кард.
Эрон ба ИМА нақшаи ҳалли низоъро пешниҳод кард: Трамп гуфт, мебинад
Он субҳи душанбе (вақти Ховари Миёна) оғоз мешавад. Раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии парлумони Эрон Иброҳим Азизӣ изҳор дошт, ки Теҳрон ҳар гуна дахолати ИМА-ро дар убури киштиҳо аз гулӯгоҳи Ҳурмуз вайрон кардани оташбас хоҳад ҳисобид.