ДУШАНБЕ, 3 мая – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони офати табиӣ дар Кӯлоб кумак мефиристад.
Дар ин бора дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ таҳти роҳбарии сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода таъкид шуд, хабар дод хадамоти матбуоти ҳукумати Хатлон.
Қарор аст, ки ин кумакҳои яквақтаинаи дар наздиктарин фурсат фиристода шаванд, афзудааст манбаъ.
Ҳамзамон гуфта мешавад, ки ҳолати зарардидагон ва бартарафсозии оқибати офати табиӣ таҳти назорати бевоситаи роҳбари давлат қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки шаби 1 май бар асари боришоти шадид дар баъзе маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб ҳодисаи нохуши табиӣ — обхезӣ ва сел ба амал омада, бархе аз кӯчаю маҳаллаҳо осеб дидаанд.
Дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуши табиӣ, се сокини шаҳр фавтида, се каси дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар муассисаҳои тиббӣ бистарӣ шудаанд.
Ҳамзамон бар асари ин офати табиӣ ба манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, иншооти ёрирасон, роҳҳо, инфрасохтори шаҳрӣ ва дигар иншоот зарар расидааст.
Раисҷумҳури кишвар ба пайвандони фавтидагон изҳори ҳамдарддӣ баён кард ва супориш дод ба хонаводаҳои зарардида кӯмаки ҳамаҷониба расонида шавад.
Қайд карда шудааст, ки сарвазири кишвар, ба мақомоти шаҳри Кӯлоб ва дигар ниҳодҳои давлатӣ барои дар кутоҳтарин муҳлат бартараф намудани пайомадҳои офати табиӣ ва расонидани кумакҳои фаврӣ ба мардуми зарардида супориш дод.
Таъкид гардид, ки техникаву механизмҳои зарурӣ пурра сафарбар гардида, корҳои тоза намудани роҳу кӯчаҳо, барқарорсозии ҳаракати нақлиёт, таъмири инфрасохтори зарардида ва расонидани кумак ба аҳолӣ бояд дар муҳлати кӯтоҳ анҷом дода шаванд.
Ҳамзамон ба масъулон супориш дода шуд, ки гурӯҳҳои корӣ ташкил намуда, аҳолии осебдидаро бо маводи ғизоӣ таъмин созанд, ёрии аввалини тиббию санитарӣ расонанд, сокинони минтақаҳои хавфнокро ба ҷойҳои бехавф кӯчонида, дар мавзеъҳои осебпазир навбатдории шабонарӯзӣ ташкил намоянд.
Ҳоло дар кӯчаҳо ва маҳаллаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб бо истифода аз техникаву механизмҳои махсус корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел, тозакунии минтақаҳо ва барқарор намудани шароити муътадили зиндагии сокинон идома доранд.