Русия ва Тоҷикистон амнияти биологиро тақвият медиҳанд

Ин чорабинӣ барои тақвияти омодагии Тоҷикистон барои вокуниш ба эпидемияҳо равона шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 май - Sputnik. Дар Душанбе сеюмин машқи муштараки омӯзишии Русия ва Тоҷикистон оид ба амнияти биологӣ баргузор шуд.
Ин чорабинӣ аз ҷониби Роспотребнадзор ташкил карда шудааст, хабар дод агентӣ дар платформаи Maкс.
"Ин чорабинӣ барои тақвияти иқтидори Тоҷикистон дар вокуниш ба таҳдидҳои сироятӣ баргузор шуд. Дар ин машқ 29 мутахассис аз ниҳодҳои дахлдори миллӣ, инчунин озмоишгоҳҳои сайёри зиддиэпидемикӣ, ки қаблан аз ҷониби Роспотребнадзор дода шуда буданд, иштирок карданд", - омадааст дар изҳорот.
Дар тӯли се рӯзи омӯзиш, ки таҳти роҳбарии мутахассисон ва олимони Роспотребнадзор баргузор гардид, ҳамкорон аз Тоҷикистон таҳқиқоти эпидемиологӣ ва ташхиси лаборатории ҳолатҳои воридотии сироятёбии махсусан хатарнокро анҷом доданд, намунаҳои рамзгузоришударо таҳлил карданд ва сенарияҳои вокуниши фавриро дар лабораторияҳои сайёр машқ карданд.
Тоҷикистон дар ҳамкори бо Русия безараргардонии партовгоҳи радиоактивиро идома медиҳад
Ин машқ қисми барномаи Роспотребнадзор барои баланд бардоштани омодагии кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ барои вокуниш ба таҳдидҳои эпидемиологӣ дар фазои эпидемиологии АвруОсиё мебошад.