Расулзода бо супориши Раҳмон аз макони обхезӣ дар шаҳри Кӯлоб дидан кард

Бо супориши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба шаҳри Кӯлоб сафар кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 май - Sputnik. Субҳи имрӯз бо супориши раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода барои шиносоӣ бо пайомадҳои офати табиӣ, ташкили корҳои бартарафсозӣ ва расонидани кумакҳои фаврӣ ба мардуми зарардида ба шаҳри Кӯлоб сафар кард.
Довар мешавем, ки шаби 1 май бар асари боришоти шадид дар баъзе маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб ҳодисаи нохуши табиӣ — обхезӣ ва сел ба амал омада, бархе аз кӯчаю маҳаллаҳо осеб дидаанд.
Дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуши табиӣ, се сокини шаҳр фавтида, се каси дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар муассисаҳои тиббӣ бистарӣ шудаанд.
Қоҳир Расулзода аз макони обхезӣ дар шаҳри Кӯлоб дидан кард
Ҳамзамон бар асари ин офати табиӣ ба манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, иншооти ёрирасон, роҳҳо, инфрасохтори шаҳрӣ ва дигар иншоот зарар расидааст.
Раисҷумҳури кишвар ба пайвандони фавтидагон изҳори ҳамдарддӣ баён кард ва супориш дод ба хонаводаҳои зарардида кӯмаки ҳамаҷониба расонида шавад.
Қайд карда шудааст, ки сарвазири кишвар, ба мақомоти шаҳри Кӯлоб ва дигар ниҳодҳои давлатӣ барои дар кутоҳтарин муҳлат бартараф намудани пайомадҳои офати табиӣ ва расонидани кумакҳои фаврӣ ба мардуми зарардида супориш дод.
Қоҳир Расулзода аз макони обхезӣ дар шаҳри Кӯлоб дидан кард
Таъкид гардид, ки техникаву механизмҳои зарурӣ пурра сафарбар гардида, корҳои тоза намудани роҳу кӯчаҳо, барқарорсозии ҳаракати нақлиёт, таъмири инфрасохтори зарардида ва расонидани кумак ба аҳолӣ бояд дар муҳлати кӯтоҳ анҷом дода шаванд.
Ҳамзамон ба масъулон супориш дода шуд, ки гурӯҳҳои корӣ ташкил намуда, аҳолии осебдидаро бо маводи ғизоӣ таъмин созанд, ёрии аввалини тиббию санитарӣ расонанд, сокинони минтақаҳои хавфнокро ба ҷойҳои бехавф кӯчонида, дар мавзеъҳои осебпазир навбатдории шабонарӯзӣ ташкил намоянд.
Изҳори ҳамдардии Раҳмон ба хонаводаи қурбониёни обхезӣ дар Кӯлоб
Ҳоло дар кӯчаҳо ва маҳаллаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб бо истифода аз техникаву механизмҳои махсус корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел, тозакунии минтақаҳо ва барқарор намудани шароити муътадили зиндагии сокинон идома доранд.
Қоҳир Расулзода дар маҳалли офати табиӣ бо мардуми зарардида суҳбату вохурӣ намуда, ва гуфт, ки вазъи ба амаломада, рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва расонидани кумаки фаврии аввалия ба сокинони зарардидаи шаҳри Кӯлоб таҳти таваҷҷуҳ ва назорати давлат қарор дорад.