ДУШАНБЕ, 2 май - Sputnik. Тибқи иттилои Агентии омори Тоҷикистон, дар моҳи феврали соли равон музди миёнаи ҳармоҳаи номиналии меҳнат, ки ба кормандони кироякор пардохта шудааст, 3230,62 сомониро ташкил дод.
Ба иттилои ин ниҳод, нн нишондиҳанда нисбат ба моҳи январи соли ҷорӣ 3,7% ва нисбат ба моҳи феврали соли 2025-ум 21,7% афзоиш ёфтааст.
Қайд карда шудааст, ки дар баробари ин, музди ҳадди ақал дар сатҳи 1000 сомонӣ муқаррар гардида, ҳамчун заминаи иҷтимоии ҳифзи аҳолӣ арзёбӣ мешавад.
Музди ҳақиқии меҳнат, бо дарназардошти тағйироти нархҳо, дар моҳи ҳисоботӣ нисбат ба моҳи январ 3,3% ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,5% зиёд шудааст.
Агентӣ қайд кардааст, ки фарқияти музди меҳнат миёни соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ҳанӯз ҳам назаррас боқӣ мемонад.
“Аз ҷумла, дар бахши воқеии иқтисодиёт сатҳи пасттарини музди меҳнат дар соҳаи кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳипарварӣ ба қайд гирифта шуда, 1563,99 сомониро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, музди баландтарин дар соҳаҳои таъмини нерӯи барқ, газ ва буғ – 4884,44 сомонӣ, истихроҷи канданиҳои фоиданок – 4857,45 сомонӣ, сохтмон – 3764,48 сомонӣ ва саноати коркард – 3622,61 сомонӣ мушоҳида мегардад”, - иттилоъ додааст Агентии омори кишвар.
Ҳамчунин ба иттилои ин ниҳод, музди миёнаи ҳармоҳаи меҳнат дар бахши воқеии иқтисодиёт ба 3517,09 сомонӣ баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20,9% афзоиш ёфтааст.
Ҳамзамон, дар бахши хизматрасонӣ музди меҳнати баландтарин дар фаъолияти миёнаравии молиявӣ ва суғурта – 7877,33 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст.
Инчунин, дар соҳаи иттилоот ва алоқа – 6142,81 сомонӣ, нақлиёт ва хоҷагии анбор – 3722,0 сомонӣ ва амалиёт бо амволи ғайриманқул – 2525,40 сомонӣ музди меҳнат нисбатан баланд арзёбӣ мегардад.
Умуман, музди миёнаи ҳармоҳаи кормандони бахши хизматрасонӣ дар моҳи феврали соли 2026 ба 3154,47 сомонӣ баробар гардида, нисбат ба моҳи феврали соли 2025-ум 22% фоиз зиёд шудааст.
Агентӣ таъкид кардааст, ки афзоиши пайвастаи музди меҳнат дар Тоҷикистон самараи бевоситаи татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати кишвар маҳсуб меёбад.