ДУШАНБЕ, 1 май - Sputnik. Дар роҳҳои шаҳри Панҷакент камераҳои назоратӣ пайдо мешаванд.
Дар ин бора, қарори раиси шаҳри Панҷакент имзо шудааст.
Ин қарор, ташкили таваққуфгоҳҳои муздноки худкор, нуқтаҳои барқдиҳанда ва низоми автоматикунонидашудаи бақайлгирии вайронкунии қоидаҳои роҳ ва ҳаракат дар роҳ дар ҳудуди шаҳри Панҷакентро дар назар дорад.
Гуфта мешавад, ки дурбинҳо, дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нет Солюшенс” дар ҳудуди шаҳр насб карда мешаванд.
Мутобиқи нақша насби камераҳои мушоҳидавӣ дар ҳудуди шаҳр дар 14 мавзеъ , аз ҷумла, дар хиёбони Рӯдакӣ дар 6 нуқта, кӯчаҳои Фирдавсӣ, Лоиқ Шералӣ, Саъдии Шерозӣ ва саристгоҳи “Қавола”,таваққуфгоҳҳои муздноки худкор ва минтақаҳои таваққуфаш манъшуда дар ду минтақаи хиёбони Рӯдакӣ ва дар ҳудуди деҳоти Сӯҷина, Лоиқ Шералӣ ва Рӯдакӣ дар назар дошта шудааст.
Интизор меравад, ки бо лоиҳаи мазкур масъулияти иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ дар риояи қоидаҳо ва бехатарии ҳаракат баланд бардошта, таваққуфи нақлиёт танҳо дар мавзеъҳои муайяншуда ба роҳ монда мешавад.