ДУШАНБЕ, 29 апр - Sputnik. Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ ду созишнома дар бахши энергетикаро ба тасвиб расонд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати ҳафтум лоиҳаи созишномаи қарзӣ байни Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд дар бораи маблағгузории иловагии лоиҳаи "Интиқоли неруи барқ ва тиҷорат дар Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ (CASA-1000), Тоҷикистон" ба тасвиб расид.
Ҳамчунин вакилони парлумони Тоҷикистон созишномаи иҷораи пешакӣ байни Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба маблағгузории иловагии лоиҳаи "Интиқоли неруи барқ ва тиҷорат дар Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ (CASA-1000)-ро ба тасвиб расонданд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш ҳукумати Тоҷикистон эълон кард, ки лоиҳаи "CASA-1000" - пули энергетикӣ миёни осиёми марказӣ ва осиёи ҷанубӣ соли 2027 фаъол мегардад.
Ба иттилои вазорати энергетикаи кишвар айни замон аз чор давлати аъзои лоиҳа "CASA-1000" дар сетои он –Қирғизистон, Тоҷикистон ва Покистон корҳои сохтмонӣ пурра ба анҷом расидаааст ва корҳо танҳо дар ҳудуди Афғонистон мондааст, ки баҳори соли 2027 ба анҷом мерасад.
Лоиҳаи CASA-1000- ин бузургтарин лоиҳаи энергетикии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ (Central Asia – South Asia (CASA)) мебошад. Лоиҳа сохтмони хати баландшиддати интиқоли нерӯи барқро дар бар мегирад, ки дар натиҷаи ба итмом расидани сохтмони хати мазкур низоми энергетикии Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистонро мепайвандад.
Пурра амалӣ гардидани лоиҳа барои кишварҳо барои ташкил намудани бозори ягона ва савдои солона имкон фароҳам менамояд. Тоҷикистон ва Қирғизистон метавонанд ба кишварҳои Осиёи Ҷануби неруи барқи барзиёд истеҳсолшавандаи худро дар ҳаҷми 1300 мегаватт содир намоянд.