Таҷовуз ба номусу куштор каму ғоратгарӣ зиёд: Эълони мизони ҷинояткорӣ дар Тоҷиктистон

Ба иттило агентии омори Тоҷикистон ҷиноятҳои содиршуда дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ кам ва дар вилояти Суғду Хатлон зиёд шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Дар моҳҳои январ – марти соли равон 6336 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, аз он ҷумла 5573 ҷиноятро Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Прокуратура ба қайд гирифтаанд ки 88% шумораи умумии ҷиноятҳои ба қайд гирифташударо ташкил медиҳад.
Дар ин бора Агентии омори Тоыикистон хабар додааст.
Ба иттилои Агентӣ, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 763 ҷиноят ё 12% шумораи умумии ҷиноятро ба қайд гирифтаанд.
Қайд карда шудааст, ки дар моҳҳои январ - марти соли 2026 шумори ҷиноятҳои бақайдгирифташуда дар шаҳри Душанбе 8,2%, ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 11,4%, кам шуда, дар вилояти Суғд 0,3% ва дар вилояти Хатлон 5,5% зиёд шудааст.
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки дар моҳҳои январ - марти соли равон 1415 ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ - марти соли 2025-ум 12,8% кам шудааст.
“Нисбат ба моҳҳои январ - марти соли 2025 бақайдгирии ҳодисаҳои куштор ва сўиқасд ба он 51,7%, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 32,3%, таҷовуз ба номус ва сӯиқасд ба он 18,2%, дуздӣ 3,9%, қаллобӣ 4,5% ва авбошӣ 3,3% кам шудааст”, - хабар додааст Агентии омори кишвар.
Дар ҳамин ҳол ба иттилои омори Агентӣ, нисбат ба моҳҳои январ - марти соли 2025 бақайдгирии ҳодисаҳои ғоратгарӣ 26,1%, ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир 36,6% ва вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳҳо 1,5% зиёд шудааст.
Интерпол ба Тоҷикистон дар мубориза бо ҷинояткорӣ кумак хоҳад кард.
Дар давраи ҳисобот 837 ҷинояти иқтисодӣ (нисбат ба моҳҳои январ - марти соли 2025-ум 3,7% кам шудааст) ба қайд гирифта шудааст, ки мақомоти корҳои дохилӣ 355 ҷиноятро ошкор кардаанд, аз рўи 343 ҷиноят парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст.
Инчунин дар моҳҳои январ - марти соли равон 117 ҳодисаи вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳҳ, ки оқибат бо ҷароҳати сахт ва марги ҷабрдида анҷомидаанд ба қайд гирифта шуданд (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,3% кам шудааст).
Зикр гардидааст, ки ошкоркунии умумии ҷиноятҳо дар моҳҳои январ - марти соли 2026-ум 57,7%-ро ташкил кардааст, дар моҳҳои январ - марти соли 2025-ум 56,7% буд.