Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон 13% афзудааст

Тиҷорати Тоҷикистон дар семоҳаи гузашта бо кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил қариб ба 50%-и додугирифти берунияш наздик шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Савдои хориҷии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ қариб 2,7 млрд долларо ташкил додааст.
Ин дар муқоиса бо январ-марти соли гузашта қариб 13% зиёд мебошад, бармеояд аз додаҳои Хадамоти гумруки Тоҷикистон.
Ба гузориши Оҷонси омори кишвар миқдори афзоиши тиҷорат 303,3 млн доллар мебошад.
Ба иттилои манбаъ, дар ин давра содирот 513,7 млн долларро ташкил додааст, ки 0,7% ва ё 3,7 млн доллар коҳиш ёфтааст.
Тиҷорати вилояти Минск бо Тоҷикистон 1,5 баробар афзоиш ёфтааст
Воридот бошад, баръакс 16,6% ва ё 307 млн доллар афзуда ба 2 млрду 162 млн доллар расидааст.
Дар гардиши савдои хориҷӣ ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ 47% фоиз ё 1258,1 млн доллар ва ба ҳиссаи мамлакатҳои хориҷи дур 53% ё 1417,6 млн доллар рост меояд.
Касри тарози савдо манфӣ буда бо мамлакатҳои ИДМ –1021,1 млн. доллар ва мамлакатҳои хориҷи дур – 627,2 млн. долларро ташкил додааст.
Умуман ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ-марти соли 2026 нисбат ба моҳҳои январ-марти соли 2025 бо мамлакатҳои ИДМ 11,0 фоиз ё 124,9 млн. доллар, ва бо мамлакатҳои хориҷи дур бошад, 14,4% ё 178,4 млн. доллар зиёд мебошад.
Дар моҳҳои январ-марти соли 2026 Тоҷикистон бо 112 мамлакат, аз он ҷумла бо 10 мамлакати ИДМ ва бо 102 мамлакати хориҷи дур муносибати савдои хориҷиро анҷом додааст.