ДУШАНБЕ, 23 апр – Sputnik. То санаи 20 – уми апрели соли равон нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008-и кишвар ба сафи Артиши миллӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ 89,1 фоизро ташкил медиҳад
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати дифои Тоҷикистон хабар додааст.
Дар муддати 20 рӯзи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон нақшаи даъватро пурра иҷро намуданд.
Ба иттилои ин ниҳод айни замон нақшаи даъват дар вилояти Бадахшон 100, шаҳри Душанбе 100 ва вилояти Хатлон 100 фоиз анҷом ёфтааст.
“Нақшаи даъват дар ҳудуди вилояти Суғд ба 78,5% ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ 76,7 фоиз иҷро шуд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола санаи 1 – уми апрел дар кишвар даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат баргузор мешавад.
Ин чорабинӣ дар асоси Фармони Президенти Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, тибқи он ҷавононписарони аз 18 то 27 солаи солим ва қобили хизмат ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ҷалб мегарданд.