ДУШАНБЕ, 22 апр – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар Остона бо Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи дӯстӣ ва ҳамкории ду кишварро дар заминаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ баррасӣ кард.
Тавре Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст, ҷонибҳо ба аҳаммияти таҳкими минбаъдаи муколамаи сиёсии байнидавлатӣ, тавсеаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар соҳаҳои мавриди манфиатҳои тарафайн, бахусус дар бахшҳои саноат, нақлиёт, логистика ва аграрӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Дар ин дидор соҳаҳои рақамикунонӣ, инноватсия, технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ ҳамчун самтҳои ояндадори ҳамкорӣ муайян карда шуданд.
Ҳамчунин ду роҳбар масоили фарҳангӣ аз ҷумла тавсеаи таҷрибаи мубодилаҳои эҷодӣ, ҳамчунин, робитаҳо дар соҳаҳои илму маорифро баррасӣ карданд.
Дар самти амният сарони давлатҳо ба маъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои низомӣ, низомиву техникӣ, инчунин, муқовимат ба хатару таҳдидҳои ҷаҳониву минтақавӣ диққати махсус доданд.
Раҳмон ва Тоқаев дар бораи рӯзномаи Ҳамоиши экологии минтақавӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки дар пойтахти Қазоқистон баргузор мешаванд, табодули афкор карданд.
Сипас раисҷумҳури Тоҷикистон пас аз мулоқот бо Тоқаев дар ҳошияи Ҳамоиши экологӣ дар Остона бо Президенти Арманистон Ваагн Хачатурян дидору гуфтугӯ кард.
Роҳбарони ду кишвар доираи васеи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак дар муносибатҳои Тоҷикистону Арманистон ва ҳам вобаста ба рӯзномаи бисёрҷониба табодули афкор карданд.
© Foto / Пресс-служба президента Таджикистана
Эмомалӣ раҳмон дар ин дидор, изҳор доштааст, ки "муносибатҳои миёни Тоҷикистон ва Арманистон ба анъанаҳои деринаи дӯстию ҳамкорӣ, эҳтиром ва эътимод ба якдигар асос ёфтаанд".
Қайд карда шудааст, ки дар ин дидор ҳамкории сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию башарии миёни ду кишвар баррасӣ гардид.
Таъкид шудааст, ки дар ин дидор роҳбарони ду кишвар ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, бахусус, ба вазъият дар Ховари Миёна таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор бори дигар мавқеи Тоҷикистонро дар ин масъала таъкид карда, изҳор дошт, ки ҷумҳурӣ қотеъона ҷонибдори ҳалли осоиштаи ҳама гуна низоъҳо ва баҳсҳо бо истифода аз воситаҳои сиёсӣ ва дипломатӣ ҳаст.