Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

NYT: Киев пешниҳод кард, ки номи як қисми Донбассро "Донниленд" монанд

Нашрияи “NYT” менависад, ки Киев мехост, ки қисме аз Донбассро барои дастгирии Трамп "Донниленд" номгузорӣ кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 апр – Sputnik. Рӯзномаи "New York Times" бо истинод ба манбаъҳои худ хабар дод, ки музокиракунандагони украинӣ мехостанд, ки қисмати таҳти назорати Украина дар Донбассро "Донниленд" номгузорӣ кунанд, то президенти ИМА Доналд Трампро хушҳол кунанд.
"Дар ҷараёни музокироти сулҳ дар моҳҳои охир мақомоти украинӣ пешниҳод карданд, ки қисмате аз Донбассро "Донниленд" номгузорӣ кунанд", - гуфта шудааст дар мақола.
Тавре ки рӯзнома қайд кард, Киев мехост роҳбари Кохи Сафедро водор созад, ки фишорро ба Маскав дар мавриди соҳибихтиёрии минтақа афзоиш диҳад.
Ба гуфтаи NYT, ин ном дар аввал пешниҳод шуда буд, аммо баъдтар ин идея таҳаввул ёфт.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лукашенко: Зеленский бинобар надоштани таҷриба аз уҳдаи Украина набаромад
“Мақомоти украинӣ барои ин минтақаи нав парчами сабз ва тиллоӣ тарроҳӣ карданд ва ҳатто аз ҳуш маснуъӣ дархост карданд, ки барои он суруди миллӣ эҷод кунад”, - қайд кардааст рӯзнома.
Дар ҳоли ҳозир, маълум нест, ки оё ИМА ин пешниҳодҳоро қабул кардааст ё не.