Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Вокуниши тунди Зеленский дар бораи Трамп ва Донбасс

Зеленский шубҳа кард, ки раисыумщури Амрико Доналд Трамп метавонад кафили сулҳ дар Украина бошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 апр – Sputnik. Владимир Зеленский шубща кардааст, ки президенти ИМА Доналд Трамп метавонад кафили сулҳ шавад ва дар бораи дурнамои хуруҷи Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина аз Донбасс изщори назар кард.
"Масалан, ИМА мегӯяд, ки "Президент Трамп". Президент Трамп дувуним сол боз дар ин ҷост ва мо пас чӣ кор хоҳем кард?", - навиштааст Strana.ua дар ицтибос ба суханони Зеленский.
Вай инчунин бори дигар аз хуруҷи нерӯҳо аз минтақаи Донетск худдорӣ кард.
"Онҳо мехоҳанд, ки мо минтақаҳои Луганск ва Донетскро тарк кунем. Хуб, албатта, аз ҷиҳати стратегӣ барои мо, аз ҷиҳати стратегӣ барои Нерӯҳои Мусаллаҳ, ин як талафот аст", - изҳор дошт Зеленский.
Вазорати дифоъи Русия эълон кард, ки 1 апрел назорати пурраи ҶМЛ -ро ба даст гирифтааст.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лукашенко: Зеленский бинобар надоштани таҷриба аз уҳдаи Украина набаромад
Рӯзи сешанбе сардори Ситоди кулли Нерӯҳои Мусаллаҳи Русия Валерий Герасимов изҳор дошт, ки артиши Русия дар ҳама самтҳо ҳамлаҳо анҷом медиҳад. Дар моҳҳои март ва апрел артиши Русия 34 деҳаро озод карданд ва озодкунии ҶМЛ-ро пурра анҷом доданд.
Дар моҳи март, президенти ИМА Доналд Трамп аз нохоҳиши режими Киев барои ҳалли низоъ шикоят кард. Тавре ки раҳбари Амрико таъкид кард, "бастани созиш бо Зеленский нисбат ба президенти Русия Владимир Путин хеле душвортар аст".