Роҳандозии Wi-Fi-и ройгон дар боғҳои Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ

Мақомоти Тоҷикистон эълон кардааст, ки на танҳо дар боғҳои бузурги шаҳри Душанбе балки дигар манотиқи Тоҷикистон барои сокинон Wi-Fi-и ройгон дастрас хоҳад буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 апр – Sputnik. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон эълон кардааст, ки Дар як қатор боғҳо ва ҷойҳои ҷамъиятии шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ шабакаи Green Wi-Fi, фаъолият мекунад.
Ба иттилои ин ниҳод Wi-Fi-и ройгон дар боғҳои шаҳрҳо бештар мешавад.
“Сокинон ва меҳмонони шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон акнун метавонанд ҳангоми сайру гашт бе истифодаи трафики мобилӣ паём ирсол намоянд, аксҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой диҳанд ё видео тамошо кунанд”, - қайд кардааст Хадамоти алоқа.
Зикр карда шудааст, ки дар Wi-Fi-и ройгон дар шаҳри Душанбе дар боғҳои ба номи С. Айнӣ, А. Дониш, Куруши Кабир, А. Фирдавсӣ, Рӯдакӣ ва Ҷавонон, инчунин дар толори вуруди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва қисмате аз хиёбони Рӯдакӣ (дар самти боғи Истиқлол) фаъол мебошанд.
Ҳамчунин Wi-Fi-и ройгон дар боғҳои марказии шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ ва дигар ҷойҳои маъмули истироҳатӣ дастрас хоҳад буд.
Дар Тоҷикистон шумори истифодабарандагони интернет афзоиш ёфт
Хадамоти алоқа таъкид кардааст, ки истифодабарандагон метавонанд аз интернети ройгон барои муддати муайян — то 30 дақиқа — истифода баранд.
“Барои истифодаи бештар имкони пайваст кардани бастаҳои пулакӣ бо ҳаҷми зарурии трафик пешбинӣ шудааст”, - қайд кардааст Хадамоти алоқа.