ДУШАНБЕ, 21 апр – Sputnik. Ба гуфтаи вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон айни замон аз чор давлати аъзои лоиҳа "CASA-1000" дар сетои он –Қирғизистон, Тоҷикистон ва Покистон корҳои сохтмонӣ пурра ба анҷом расидаааст ва корҳо танҳо дар ҳудуди Афғонистон мондааст, ки баҳори соли 2027 ба анҷом мерасад.
Вай дар ин бора дар ҷаласаи корӣ, ки дар шаҳри Душанбе вобаста ба баррасии раванди татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи "CASA-1000" баргузор гардид таъкид кард.
Дар ин ҷаласа вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа, роҳбарияти “Da Afghanistan Breshna Sherkat” (DABS), Бонки Ҷаҳонӣ ва шикрати пудратчӣ Kamani Engineering Corporation (KEC) ширкат доштанд.
Дар ин ҷаласа вазири тоҷик қайд кардааст, ки татбиқи лоиҳаи "CASA-1000" барои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, баланд бардоштани эътимод миёни кишварҳои аъзои ва таъмини содироти неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза аҳамияти стратегӣ дорад.
“Айни замон аз чор давлати аъзои лоиҳа дар сетои он – Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон корҳои сохтмонӣ пурра ба анҷом расида, корҳои сохтмонӣ дар ҳудуди Афғонистон идома доранд”, - гуфт ӯ.
Зикр карда ҳшудааст, ки ҷонибҳо ҷараёни корҳои иҷрошуда, масъалаҳои техникиву молиявӣ, ҳамоҳангсозии минбаъдаи фаъолият ва муҳлатҳои анҷоми корҳои боқимондаро дар ҳудуди Афғонистон баррасӣ карданд.
Дар ин ҷадаса намояндагони ширкати “Брешно” иброз доштанд, ки корҳои боқимонда дар ҳудуди Афғонистон тибқи нақшаи таҷдидшуда, баҳори соли 2027 ба анҷом мерасад ва аз тобистони соли 2027, аллакай, марҳилаи тиҷоратии лоиҳа оғоз мегардад.
Таъкид гардидаст, ки анҷоми пурраи ин тарҳи муҳими минтақавӣ ба рушди бозори энергетикӣ, таҳкими амнияти энергетикӣ ва густариши ҳамкориҳои иқтисодии байни кишварҳои аъзои лоиҳа мусоидат хоҳад намуд.
Дар фарҷоми ҷаласаҳо Протоколи вохӯрӣ ба имзо расонида шуд.