Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Медведев: Русия бо онҳое мубориза мебарад, ки намехоҳанд кишвари мо вуҷуд дошта бошад

Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия гуфт, ки кишвараш бо онҳое, ки намехоҳанд Русия вуҷуд дошта бошад, мубориза мебарад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 апр – Sputnik. Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия ва раиси ҳизби "Русияи воҳид" гуфт, ки Русия айни замон бо онҳое мубориза мебарад, ки намехоҳанд кишвари мо вуҷуд дошта бошад, ва аз ин рӯ, Русия бояд ҳама гуна фаъолияти нерӯҳои зиддирусиро саркӯб кунад.
Медведев дар Форуми сеюми вилоятҳои умумирусиягӣ "Ватани хурд - қудрати Русия" иштирок дорад.
"Дар куҷое ки мо кор кунем - дар қаламравҳои нави кишвари худ, дар маркази Русия, дар ҷануб, дар Урал, дар Сибир, дар Шарқи Дур, дар Шимол - мо як кишвар ҳастем. Кишваре, ки имрӯз дар ҷанг аст. Кишваре, ки бо онҳое, ки намехоҳанд кишвари мо вуҷуд дошта бошад, мубориза мебарад. Ва мо, мутаносибан, фарзандон ва наберагони худ ҳастем", - гуфт Медведев зимни суханронӣ дар форум.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Манбаъ: Нишасти дар бораи Украина дар Туркия пас аз азсаргирии музокирот имконпазир аст
Вай илова кард, ки ҳукумати Русия вазифадор аст, ҳама гуна фаъолияти нерӯҳои зиддирусиро, новобаста аз он ки он аз куҷо сарчашма мегирад ё чӣ гуна зоҳир мешавад, мағлуб ва саркӯб кунад.
“Мо барои ин ҳама шароитро дорем, аз ҷумла - ва шояд муҳимтар аз ҳама - одамони сазовор ва масъул, ки дар вилоятҳо кор мекунанд", - илова кард Медведев.