ДУШАНБЕ, 20 апр – Sputnik Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ки дар Аврупо дар шароити бӯҳрон дар дохили НАТО овозҳо дар бораи таъсиси як паймони нави низомӣ, бо иштироки ИА, Бритониё, Норвегия ва Украина паҳн мешавад.
"Мо шоҳиди бӯҳрон дар дохили НАТО ҳастем. Аллакай аз манбаъҳои гуногуни расмии аврупоӣ ба мо хабар мерасад, ки гӯё як паймони нав, бо иштироки ИА, Бритониё, Норвегия ва Украина таъсис медиҳанд", - гуфт Лавров.
Ба гуфтаи вазири хориҷаи Русия, Владимир Зеленский аллакай "барои роҳбарӣ кардани ин мошини нави низомӣ ва омода кардани Аврупо барои ҷанги дигар бар зидди Русия, омодагии худро эълон кардааст".
"Ҳамон тавре ки дар замони Наполеон ва дар давраи Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ, ҳамон тавре ки дар замони Гитлер буд. Қувваҳо муттаҳид мешаванд ва бо назардошти он, ки роҳбарияти ИА амалҳои Зеленскийро пуштибонӣ аз арзишҳои аврупоӣ тавсиф мекунад, ин танҳо як чизро метавонад ифода кунад: ки онҳо бори дигар мехоҳанд артишҳои аврупоиро зери парчами нозӣ муттаҳид созанд." - хулоса кард Лавров.