ДУШАНБЕ, 19 апр - Sputnik. Масъулини вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар ҷаласае, таъкид карданд, ки дар солҳои охир устуворона аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои рушди ғизои мактабӣ маблағҳои алоҳида ҷудо шудаааст.
Ба гуфтаи масъулини ин вазорат, агар дар соли 2025 аз буҷа маблағи 18,8 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, дар соли 2026 ин маблағ зиёда аз 37 миллион сомониро ташкил додааст.
Мутахассисони вазорат ҳамчун аз таҷаҷҷуҳи ин масъала аз сӯйи кишварҳои ИДМ ишора кард.
Дар ин ҷаласа қайд карда шуд, ки соли 2025 ҷумҳурӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил раисиро ба уҳда дошт ва дар ин самт “Форуми байналмилалии давлатҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ғизои мактабӣ” ташкил кард, ик он яке аз дастовардҳои назаррас ба ҳисоб меравад.
“Форуми мазкур як такони бузурге дар соҳаи ғизои мактабӣ на балки дар Тоҷикистон, балки дар тамоми давлатҳои ИДМ мебошад”, қайд кардааст вазорат.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мақомоти Тоҷикистон эълон кард, ки маблағгузории ғизои мактабӣ дар кишварро афзоиш додааст.
Бо ин мақсад, соли 2025 аз ҳисоби буҷети давлатӣ 18,8 млн сомонӣ ҷудо гардид, ки нисбат ба соли пешӣ 60% зиёд мебошад, иттилоъ дод Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.
Маврид ба зикр аст, ки Русия аз маблағгузорони асосии ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон аз тариқи барномаи СММ мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки Русия аз маблағгузорони асосии ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон аз тариқи барномаи СММ мебошад.
Бояд гуфт, ки маблағгузории маориф дар Тоҷикистон тайи даҳсолаи охир беш аз 5 баробар зиёд шудааст.
Соли 2026 аз ҳисоби буҷаи давлатӣ қариб 14 млрд сомонӣ барои соҳа пешбинӣ гардидааст.
Ин миқдор, нисбат ба соли 2025-ум 25,4% ва нисбат ба соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад, иттилоъ дод Вазорати маорифи Тоҷикистон.