ДУШАНБЕ, 18 апр - Sputnik. Дар семоҳаи аввали соли 2026 шумораи коргарони соҳаи хизматрасонӣ дар Тоҷикистон қариб 3% афзоиш ёфтааст.
Афзоиш дар бахши воқеии иқтисодиёт 0,2% -ро ташкил дод.
Тоҷикистониҳо бештар дар соҳаҳои маориф ва кишоварзӣ кор мекунанд.
Сохтори бозори меҳнати Тоҷикистонро дар тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон бубинед.
Сохтори бозори меҳнат дар Тоҷикистон
© Sputnik
Шумораи бештари коргарон дар вилояти Хатлон сабт шудааст, ки дар он вилоят 39,1% аз шумораи умумии қувваи корӣ кор мекунанд.
Суғд бо 34,5% дар ҷои дуюм қарор дорад.
Дар Душанбе ин рақам ба 16% ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 8,6% расидааст. Дар Кӯҳистони Бадахшон 1,8% коргар будааст.