ДУШАНБЕ, 18 апр - Sputnik. Дар доираи эълон гардидани соли 2026 дар русия “Соли ягонагии миллатҳо” дар шари Маскав таҳти унвони “Дӯстии халқҳо” Чемпионати ҷудо баргузор шуд.
Дар ин бора Шӯрои ҷамъятӣ назхди сафорати Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои Шӯро, мусобиқаи мазкур бо ибтикории Ассамблеяи байналхалқии “Дӯстии миллатҳо” дар ҳамкории бо Клубии варзишии Ҷоизадории бозиҳои Олимпии Пекин 2008 Расул Боқиев “New Fitness”, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Шӯрои ҷамъиятии назди сафорат дар Русия бо дастгирии Федератсияи дзюдои Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст.
Мусобиқаи ҷудо дар Маскав
© Foto / Шӯрои ҷамъиятӣ назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав
Қайд карда шудааст, ки дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 100 нафар варзишгарон миёни ҳам рақобат намуданд.
Дар чорабинии мазкур варзишгарон зиёда аз 15 вилоятҳои Русия, аз ҷумла аз Екатеренбург, Тюмен, Ростов на Дону, Иваново, Липеск, Москва ва вилояти он ва ҳамчунин варзишгарон аз кишварҳои Қирғизистон, Узбекистон ва Тоҷикистон низ барои рақобат дар чорабинии мазкур иштирок намуданд.
Дар мусобиқа варзишгарон дар вазнҳои 60, 66, 73, 81, 900, 100, +100 миёни ҳам рақобат намуданд.
Мусобиқаи ҷудо дар Маскав
© Foto / Шӯрои ҷамъиятӣ назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав
Ғолибон бо медал ва туҳфаҳои пулии таъсиснамудаи Кумитаи тадорукоти мусобиқа сарфароз гардонида шуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар соли 2026 ин сеюмни мусобқиаи варзишӣ аз руи намуди дзюдо мебошад, ки аз ҷониби Кумитаи тадорукот роҳандозӣ гардидааст.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар давоми соли 2026 чунин чорабиниҳо баргузор хоҳад шуд.