Оверчук: ИИАО ба рушди ММД дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз суръат бахшид

Ба гуфтаи муовини сарвазири Русия ҳамкорӣ бо ИИАО ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз имкон дод ММД-и худро ба маротиб рушд диҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 апр – Sputnik. Муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук қайд кард, ки ба далели ҳамгироӣ бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз суръати баланди афзоиши ММД нишон медиҳанд.
Ба гуфтаи вай рушди ММД нисбат ба дигар иқтисодҳои кишварҳои рӯ ба инкишоф зиёдтар аст.
Вай дар бораи аҳамияти рушди минтақавӣ ва ҳамгироии бозори меҳнат таъкид кард.
“Суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ба шарофати ҳамгироӣ бо ИИАО нисбат ба дигар иқтисодҳои кишварҳои рӯ ба инкишоф зиёдтар аст”, гуфт Алексей Оверчук.
"Талошҳои мо барои ҳамгироии иқтисодӣ дар доираи Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё имкониятҳоро барои ҳаракати озоди молҳо, хидматрасонӣ, сармоя ва қувваи корӣ байни кишварҳои узв васеъ карданд", - гуфт Оверчук.
Гелий берун аз ИИАО содирот намешавад: Русия маҳдудиятҳои муваққатӣ ҷорӣ кард
Муовини сарвазири Русия хусусан қайд кард, ки "натиҷаҳои ин сиёсат ва таъсири он ба рушди ММД дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ба таври возеҳ намоёнанд.
Оверчук қайд кард, ки дар доираи Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё "талошҳо барои афзоиши ҳаракати қувваи корӣ, васеъ кардани ҳифзи иҷтимоӣ ва фарогирии нафақа ва таҳияи платформаҳои рақамӣ барои ҷустуҷӯи кор ва бақайдгирии коргарон ба ҳамгироии бозорҳои меҳнатӣ мусоидат мекунанд".