Нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон гарон мешавад?

Акнун аз ширкатҳое, ки маводи сӯхт ба Тоҷикистон ворид мекунанд, бояд пардохти экологӣ супоранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 апр - Sputnik. Парлумони Тоҷикистон созишномаро, ки ҳангоми ворид кардани сӯзишворӣ ба кишвар молиёт ё андози нав ситонида мешавад, тасвиб намуд, иттилоъ додааст сомонаи “Фараҳ”.
Қайд карда шудааст, ки бар асоси тағйирот ба қонун дар бораи пардохтҳои ҳатмӣ, минбаъд ширкатҳое, ки ба ворид намудани маҳсулоти нафтӣ ва гази табиӣ ба Тоҷикистон машғул буданд, пардохти экологӣ бояд супорпнд.
Дар ҳамин ҳол мақомоти Тоҷикистон эълон накардааст ҳаҷми маблағи ин навъ молиёт чанд аст.
Ба иттилои сомонаи мақомот танҳо гуфтааст, ки ин маблағро воридкунандагони мол месупоранд.
Вале рӯшан нест, ки таъйини пардохти экологӣ барои сӯзишворӣ, то куҷо ба нархи ин маҳсулот таъсир мерасонад.
Тоҷикистон хариди бензинро аз Қазоқистон ба маротиб афзоиш додааст
Ҳозир ҳангоми ворид кардан ба Тоҷикистон аз ҳар тонна маҳсулоти нафтӣ 70 евро андози аксиз ситонида мешавад.
Тоҷикистон қариб ҳамаи сӯзишвории мавриди ниёзашро аз Русия ва Қазоқистон мехарад.