ДУШАНБЕ, 15 апр - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон зимни маросими қабули эътимодномаҳо аз як гурӯҳ сафирони навтаъйиншуда гуфтааст, ки дар 35 соли истиқлолият Тоҷикистон сиёсати хориҷии мутавозину мусолиматомез ва созандаро роҳандозӣ намудаааст.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар дод.
Бояд қайд кард, ки ахиран дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз як гурӯҳ сафирони навтаъйини давлатҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуд.
Ба иттилои манбаъ, ба президенти кишвар сафирони Покистон, Арабистони Саудӣ, Миср, Италия, Шоҳигарии Белгия, Шри Ланка, Зимбабве, Малӣ ва Гвинеяи Экваторӣ эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳояшон тақдим карданд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ сафирони навро ба муносибати оғози фаъолияти дипломатиашон дар Тоҷикистон табрику таҳният гуфт.
“Дар 35 соли истиқлолият Тоҷикистон сиёсати хориҷии мутавозину мусолиматомез ва созандаро роҳандозӣ намуда, дар асоси усули "дарҳои кушода" тавонист дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи шоиста касб намояд”, - қайд кардааст раисҷумҳури кишвар.
Эмомалӣ Раҳмон аз робитаҳои фаъоли дипломатӣ бо 186 кишвари ҷаҳон дар соҳаҳои гуногун ёдовар шуд.
Вай изҳор дошт, ки сафирон бо иқдомот ва тадбирҳои амалии худ метавонанд ба таҳкиму тавсеаи минбаъдаи ҳамкории миёни кишварҳо ҳамаҷониба мусоидат намоянд.
Ҳамзамон кишвардори Тоҷикистон дар бораи рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди ҷумҳурӣ бо кишварҳое, ки сафиронашон дар маросим иштирок доштанд, таъкид кард.
Вай изҳори умедворӣ кард, ки талошҳои пайвастаи сафирон дар ҷодаи рушду такомули робитаҳои гуногунҷанбаи байни Тоҷикистон ва кишварҳои онҳо самараву натиҷаҳои наву нек ба бор хоҳанд овард.