Тоҷикистон фарҳангашро ба мардуми Беларус муаррифӣ мекунад

Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус ҳамчунин Рӯзҳои кинои тоҷик, намоиши мусаварраҳо, либосҳои миллӣ ва барномаи фарҳангӣ доир мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 апр – Sputnik. Дар Белорус рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мегардад, иттилоъ додааст вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Ба иттилои вазорат Рӯзҳои фарҳанг дар Белорус аз 24 апрел то 1 май баргузор мегарданд.
Қайд карда шудааст, ки дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус ҳамчунин Рӯзҳои кинои тоҷик, намоиши мусаварраҳо, либосҳои миллӣ ва барномаи фарҳангӣ доир мешаванд.
“Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус бо мақсади таҳким бахшидан ба робитаҳои фарҳангии ду давлат доир карда мешаванд”, - таъкид кардааст вазорати фарҳанг.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон муносибатҳои дипломатиро бо Ҷумҳурии Беларус 5 сентябри соли 1996 барқарор намудааст.
Раҳмон: Ҷавонони мо бояд таърих, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллати худро омӯзанд
Соли 1997 Сафорати Тоҷикистон дар Беларус таъсис ёфта, соли 2011 дар шаҳри Душанбе Сафорати Беларус дар Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ намуд.
Ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Беларус пайваста дар ҳоли рушд қарор дорад.
Бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва муаррифии мутақобили фарҳангу ҳунари ду давлат то имрӯз Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон солҳои 2007, 2015, 2018,2024 ва Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус солҳои 2008, 2016 ва 2021 баргузор гардида буданд.