Дар Панҷакент ду корхонаи азим бо харҷи садҳо миллион сомонӣ сохта мешавад

Ба иттилои мақомоти шаҳри Панҷакент дар шаҳр ду корхонаи азим, корхонаи коркарди маъдан ва сурма бо маблағи умумии 900 миллион сомонӣ бунёд мегардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 апр – Sputnik. Ба иттилои мақомоти шаҳри Панҷакент, Корхонаи "БРОАДТЕК", ният дорад дар ҳудуди корхонаи худ коргоҳи нави коркарди маъдан бунёд намояд.
Қайд карда шудааст, ки барои бунёди ин коргоҳ 400 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Таъкид шудааст, ки бо бунёди ин коргоҳ садҳо нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.
Ҳамчунин мақомоти шаҳри Панҷакент хабар додааст, ки иқтидори корхона то 300 тонна коркарди маъдан дар як шабонарӯзро ташкил медиҳад.
Инчунин ба иттилои мақомоти шаҳри Панҷакент ширкати "Канзи диёр" дар деҳоти Моғиён нияти дорад дар заминаи захираҳои кашфшудаи маъдан корхонаи истеҳсоли сурма бунёд карда намояд.
Ҳаҷми сармоягузорӣ 500 миллион сомонӣ буда, баъди мавриди истифода қарор гирифтани он 500 ҷойи нави кор таъсис меёбад.
Қайд карда шудааст, ки иқтидори корхона 2000 тонна коркарди маъдан дар як шабонарӯзро ташкил хоҳад дод.
Рақобатпазирии бахши саноат дар ИИАО афзудааст
Дар айни замон ширкат ба бунёди инфрасохтори зарурӣ машғул буда, сохтмони ду шаҳраки истиқоматӣ барои кормандони муҳандисию техникӣ ва коргарон идома дорад. Дар онҳо тамоми шароити зарурии зист фароҳам оварда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ истеҳсоли саноатӣ дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 20% афзоиш ёфтааст.
Ба иттилои Агентии омори кишвар қариб аз се ду ҳиссаи тамоми маҳсулоти саноатии Тоҷикистон дар вилояти Суғд истеҳсол шудааст, ки 65%-и ҳаҷми умумии онро ташкил медиҳад.
Дар дигар минтақаҳо:
Хатлон - 18%,
НТМ - 6,3%,
Душанбе - 10,4%,
ВМКБ - 0,3%.
Дар ҳамин ҳол, Суғд зиёда аз 300 корхонаи саноатӣ дорад. Дар вилояти Хатлон ин рақам ба 920, дар Душанбе - 838, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - 689 ва дар Бадахшони Кӯҳӣ - 194 расидааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти маъдани кӯҳӣ дар Тоҷикистон то охири соли 2025 36% афзоиш ёфт. Рушд дар ҳамаи бахшҳои калидӣ ба қайд гирифта шуд: истеҳсоли нафт ва газ 60%, маъдани металл 36%, ангишт 10% ва дигар маъданҳо 30% афзоиш ёфтааст.