Каме дигар монд: Вазорати дифоъ, аз иҷрои 80% нақшаи даъвати баҳорӣ гузориш дод

Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар 10-рӯзи аввал беш аз 80% иҷро шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 апр – Sputnik. То имрӯз нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008-и кишвар ба сафи Артиши миллӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ 80,1%-ро ташкил медиҳад.
Дар ин бора дафтӣари матбуоти вазорати дифои Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои вазорат аз оғози даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе нақшаи даъватро пурра иҷро намуданд.
Дар ҳамин ҳол, вилояти Хатлон низ ба иттилои вазорат яке аз пешсафони ин чорабинӣ ба шумор меравад.
“Айни замон нақшаи даъват дар вилоят 96,2%-ро ташкил намуда, сафарбарӣ ба қисмҳои низомӣ идома дорад”, - қайд кардааст вилояти Хатлон.
Аз ҳама картар нақшаи даъват ба сафи артиши кишвар дар вилояти Суғд иҷро шудааст.
ВМКБ ва Хатлон нақшаи даъватро дар рӯзи аввал пурра иҷро карданд
Ба иттилои вазорати дифои Тоҷикистон иҷрои нақшаи даъват дар ҳудуди вилояти Суғд ба 57,5% баробар аст.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ 68,3% иҷро шуд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола санаи 1 – уми апрел дар кишвар даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат баргузор мешавад.
Ин чорабинӣ дар асоси Фармони Президенти Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, тибқи он ҷавононписарони аз 18 то 27 солаи солим ва қобили хизмат ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ҷалб мегарданд.