Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Ҳамлаҳои паҳподии артиши Русия дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ: - видео

Вазорати дифои Русия видеоре нашр кард, ки чӣ гуна сарбозони Русия мавқеъҳои артиши Украинаро дар якчанд минтақаҳои ҷангӣ нобуд мекунанд
Sputnik
Операторҳои паҳподҳои Гурӯҳи Нерӯҳои Ҷанубӣ нуқтаи муваққатии ҷойгиркунии душманро дар Костантиновка нобуд карданд.
Идоракунандаҳои паҳподҳо гурӯҳи Шимол сарбозони Украинаро дар минтақаҳои Запороже ва Днепропетровск нобуд карданд.
Операторҳои гурӯҳи Марказ бошад ба мавқеъҳои душман дар наздикии деҳаи Гришино дар бахши Добропилля ҳамлаи бузурги ҳавоӣ анҷом доданд.
Дар ҳамон қитъа ба мавқеъи ҳавопаймоҳои бесарнишини душман ҳамла карданд.
Сухангӯи “Ҳизбуллоҳ” ба изҳороти режими Киев посух дод
Як воҳиди "Молния-2" аз гурӯҳзи "Днепр" як нуқтаи муваққатии ҷойгиркунӣ ва як мавқеъи фармондеҳии ҳавопаймоҳои бесарнишини Нерӯҳои Мусаллаҳи Украинаро дар бахши Орехиви минтақаи Запороже нобуд кард.
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро анҷом медиҳад.
Дар Ғарб гуфтанд, ки рафтани Орбан аз саҳнаи сиёсӣ барои Украина чӣ паёмад хоҳад дошт
Президенти Русия Владимир Путин иқдоми худро ба "ҳимояи одамоне, ки ҳашт сол боз аз ҷониби режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" рабт кардааст.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти махсуси низомӣ озод кардани Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.