Кадом минтақаи Тоҷикистон бештар маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мекунад?

Минтақаи шимолии Тоҷикистон беш аз се ду ҳиссаи ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ истеҳсол мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 апр - Sputnik. Дар моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ истеҳсоли саноатӣ дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 20% афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора, дар гузориши Агентии омори ҷумҳурӣ гуфта шудааст.
Қобили зикр аст, ки қариб аз се ду ҳиссаи тамоми маҳсулоти саноатии Тоҷикистон дар вилояти Суғд истеҳсол шудааст, ки 65%-и ҳаҷми умумии онро ташкил медиҳад.
Барои дидани он ки минтақаҳои дигар чӣ қадар маҳсулот истеҳсол кардаанд, ба тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон нигаред.
Рушди саноат дар Тоҷикистон
Дар дигар минтақаҳо:
Хатлон - 18%,
НТМ - 6,3%,
Душанбе - 10,4%,
ВМКБ - 0,3%.
Дар ҳамин ҳол, Суғд зиёда аз 300 корхонаи саноатӣ дорад. Дар вилояти Хатлон ин рақам ба 920, дар Душанбе - 838, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - 689 ва дар Бадахшони Кӯҳӣ - 194 расидааст.
БАОР сабаби рушди қавии иқтисоди Тоҷикистонро гуфт
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти маъдани кӯҳӣ дар Тоҷикистон то охири соли 2025 36% афзоиш ёфт. Рушд дар ҳамаи бахшҳои калидӣ ба қайд гирифта шуд: истеҳсоли нафт ва газ 60%, маъдани металл 36%, ангишт 10% ва дигар маъданҳо 30% афзоиш ёфтааст.