Маълум шуд, ки дар Тоҷикистон чӣ қадар пахта корида мешавад

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон эълон кардааст, ки соли 2026 нақшаи кишти пунбадона 186 800 гектарро ташкил медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 апр - Sputnik. Ба иттилои вазорати кишоварзии то 4 апрел кишоварзони Тоҷикистон дар 23 320 гектар пунбадона кишт намуданд.
Тавре ин манбаъ хабар додаст дар ин давра дар вилоятҳои Суғд дар 2701 гектар, Хатлон 22 597 гектар ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 22 гектар пунбадона кишт шудааст.
Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, соли 2026 нақшаи кишти пунбадона 186 800 гектарро ташкил медиҳад.
Қайд карда шудааст, ки айни замон бо мақсади ба даст овардани ҳосили фаровон ва саҳмгузорӣ дар рушди иқтисоди миллӣ дар тамоми хоҷагиҳои деҳқонӣ маъракаи кишти пунбадона идома дорад.
Тибқи иттилои вазорат пахтакорӣ на танҳо ба таъмини соҳаи саноати мамлакат бо ашёи хом мусоидат менамояд, балки дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр низ нақши калидӣ дорад.
Тоҷикистон содироти пахтаро дар соли 2025 коҳиш дод: сабаб
Таъкид шудааст, ки кишоварзон тухмиҳои босифатро бо ҷалби техникаҳои муосир кишт менамоянд.
Пахта маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки сол то сол арзиши аслии он дар бозори ҷаҳонӣ тамоюли болоравӣ дорад.
Аз ин рӯ пахтакорони Тоҷикистон талош доранд, дар баланд шудани иқтидори истеҳсолӣ, афзоиши даромади иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсир гузоранд.