Собирзода бо дабири кулли СПАД масоили марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ кард

Вазири дифои Тоҷикистон бо дабири кулли СПАД вобаста ба вазъияти минтақаи масъулияти СПАД мубодилаи афкор карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 апр - Sputnik. Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) Таалатбек Масодиқов дар Душанбе бо вазири дифои Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода ва котиби Шӯрои Амнияти кишвар Раҳмон Юсуф Аҳмадзода вазъият дар минтақаро баррасӣ кард.
Дар ин бора хадамоти матбуоти СПАД хабар додааст.
"Тарафҳо дар бораи вазъият дар минтақаи масъулияти СПАД, инчунин дар бораи вазъ дар як қатор минтақаҳои дигари ҷаҳон мубодилаи афкор карданд", - гуфт хадамоти матбуот.
Дар мулоқоти Масодиқов бо вазири дифоъ, ҷонибҳо дар бораи масъалаҳои амнияти байналмилалӣ, бахусус дар робита ба таҳкими сулҳ ва субот дар минтақаи масъулияти СПАД мубодилаи афкор карданд.
Ғайр аз ин, ба таҳаввулоти Ховари Миёна таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шуд. Масодиқов инчунин дар бораи як қатор машқҳои муштараки бузург "Бародарии шикастнопазир", "Ҳамкорӣ” ва "Сарҳад", ки қарор аст, дар нимаи дуюми соли ҷорӣ баргузор шавад, гуфтугӯ карданд.
Раҳмон бо дабири кулли СПАД вазъият дар минтақаро баррасӣ кард
Тибқи иттилои хадамоти матбуот, зимни мулоқот бо Аҳмадзода ба татбиқи барномаи тақвияти марзи Тоҷикистону Афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Масодиқов инчунин нақшаҳои баргузории машқҳои муштараки "Кобалт" ва "Рок", ки дар нимаи дуюми соли 2026 дар Тоҷикистон ва инчунин амалиётҳои "Канал", "Мардикор" ва "Ғайриқонунӣ"-ро баррасӣ намуданд.