ДУШАНБЕ, 10 апр - Sputnik. Вазорати дифои Русия хабар дод, ки артиш деҳаи Диброва дар ҶМД ва деҳаи Мирополске дар вилояти Сумиро таҳти назорат гирифтанд.
"Дар давоми 24 соат, дар натиҷаи амалиётҳои воҳидҳои Гурӯҳи Нерӯҳои Ҷанубӣ, деҳаи Диброва озод карда шуд", - гуфт Вазорат.
Дар тӯли ҳафтаи гузашта, Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина дар ин самти ҷабҳа беш аз 1045 сарбоз, 21 мошини зиреҳпӯш, 110 мошини сабукрав, 25 тӯпхонаи саҳроӣ ва 14 истгоҳи ҷангии зиддиродариро аз даст доданд.
Ҷанговарони "Шимол" Мирополске дар вилояти Сумиро таҳти назорат гирифтанд.
"Пеш аз ҳамла, миллатгароёни бригадаи механикии Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина аз деҳа берун карда шуданд. Воҳидҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин нақши муҳим бозиданд, ки шабонарӯз бо истифодаи аз паҳподҳои FPVвазъро назорат мекарданд ва маълумоти дақиқ медоданд."
Вазорат қайд кард, ки дар тӯли ҳафтаи гузашта нерӯҳои Украина дар ин минтақа беш аз 1280 сарбоз, ҳашт мошини ҷангии зиреҳпӯш, 82 мошини мабукрав, нӯҳ тӯпхонаи саҳроӣ ва 11 истгоҳи ҷанги электрониро аз даст додаанд.