ДУШАНБЕ, 9 апр - Sputnik. Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон дар дидор бо Алиризо Ҳақиқиён, сафири Эрон дар Душанбе ҳамкориҳо дар соҳаи ҳамлу нақли роҳи заминӣ ва роҳи оҳанро баррасӣ кардааст.
Дар ин бора сафорати Эрон дар Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот тарафҳо аз раванди ҳамкориҳо изҳори ризоият карданд ва бар “зарурати суръат бахшидани иҷрои созишҳо ва тавсеаи беш аз пеши ҳамкориҳо таъкид кардаанд”.
Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон табодули коло байни ду кишвар дар семоҳаи аввали соли 2026 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50% афзоиш ёфтааст.
Дар ин дидор Тоҷикисону Эрон бар зарурати талошҳои бештар барои густариши ҳамкориҳо дар соли ҷорӣ” таъкид карданд.
Сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён дар ин дидор аз мавқеи давлат ва мардуми Тоҷикистон “дар эъломи ҳамбастагии самимона бо мардуми Эрон дар ҷанги таҳмилии Амрико ва режими Исроил” қадрдонӣ кардааст.