ДУШАНБЕ, 8 апр – Sputnik. Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-феврали соли 2026 ба 1,8 миллиард доллар расид.
Дар ин бора дар гузориши ахири нашркардаи Бонки АвруОсиё Рушд (БАОР) гуфта шудааст.
Ба иттилои мутахассисони ин бонк ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,3% афзоиш ёфтааст.
Тибқи иттилои БАОР, содироти Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30,2% афзоиш ёфтааст.
“Ин афзоиш аз ҳисоби афзоиши маҳсулоти маъданӣ, аз ҷумла семент, консентрати маъдан ва нерӯи барқ 131%, металлҳои қиматбаҳо 208% ва бахши бофандагӣ 32% ба даст омадааст”, - қайд карданд таҳлилгарони Бонк.
Ҳамчунин ба иттило БАОР воридот дар давраи ҳисоботӣ низ нисбат ба соли гузашта 26,6% афзоиш ёфтааст.
Қайд карда шудааст, ки афзоиш аз ҳисоби талаботи баланди дохилӣ, аз ҷумла сармоягузорӣ сурат гирифтааст.
БАОР қайд кардааст, ки дар ин давра ба Тоҷикистон воридоти мошинҳо ва таҷҳизот аз хориҷа 49,3% афзоиш ёфтааст.
Таҳлилгарон қайд мекунанд, ки густариши тиҷорати хориҷӣ омили калидии рушди иқтисодии кишвар боқӣ мемонад.
Тибқи пешгӯиҳои Бонки АвруОсиёии Рушд (БАОР), афзоиши иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2026 8,1%-ро ташкил хоҳад дод.