Русия ба афзоиши гардишгарон ба ВМКБ мусоидат мекунад

Русия мехоҳад барои ҷалби сайёҳони рус ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба Тоҷикистон мусоидат кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 апр – Sputnik. Ахиран Намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон масъалаи ҳамкорӣ дар бахши сайёҳиро бо Парвина Латифӣ, раиси Ассотсиатсияи сайёҳии экологӣ-фарҳангии Помир баррасӣ кард
Дар ин бора дафтари матбуоти Намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон хабар додааст.
Ҷонибҳо дурнамои талошҳои муштаракро барои ҷалби сайёҳони рус ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи Помир ҳамчун як макони беназири сайёҳӣ ва пайдо кардани шарикон барои ҳамкорӣ баррасӣ карданд.
Дар ин дидор ҳамчунин Намояндагии тиҷоратии Русия ва Ассотсиатсияи Помир бораи рушди ҳамкорӣ ба тавофуқ расидаанд.
Дар ин дидор ба талошҳои иттилоотӣ ва таблиғи имкониятҳои сайёҳии Кӯҳистони Бадахшон дар байни сокинони Русия таваҷҷӯҳи хос дода шуд.
Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистонро қатораи нави сайёҳӣ мепайвандад
Намояндагӣ иттилоъ додааст, ки Ассотсиатсияи сайёҳии экологӣ-фарҳангии Помир аз соли 2008 инҷониб фаъолият мекунад ва намояндагони фаъоли бахши сайёҳиро дар минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муттаҳид мекунад.
Қайд карда шудааст, ки Ассотсиатсия ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои зерин манфиатдор аст.