ДУШАНБЕ, 7 апр – Sputnik. Сафири вижаи Вазорати корҳои хориҷии Русия оид ба ҷиноятҳои режими Киев Родион Мирошник, изҳор дошт, ки дар тӯли ҳафтаи гузашта аз 30 март то 5 апрел 25 шаҳрванди Русия, аз ҷумла ду кӯдак, дар ҳамлаҳои артишиУкраина кушта шуданд.
"Дар тӯли ҳафтаи гузашта 176 шаҳрванди осоишта аз тирпарронии фашистони украинӣ маҷрӯҳ шуданд: 151 нафар, аз ҷумла даҳ ноболиғ, ва 25 нафар, аз ҷумла ду ноболиғ, кушта шуданд", - гуфт Мирошник ба РИА Новости.
Вай афзуд, ки режими Киев дар тӯли ҳафта 3301 хумпора ба ҳадафҳои осоишта дар қаламрави Русия партоб кардааст.
Ба гуфтаи сафир, шумораи бештари талафоти осоишта дар вилоятҳои Белгород, Херсон, Запорожье, Брянск ва Краснодар сабт шудааст. Мирошник таъкид кард, ки ҳамлаҳои паҳподии Украина сабаби марг ё ҷароҳат бардоштани мардуми осоишта мебошад
"Дар ҳафт рӯзи охир 158 сокини осоишта дар натиҷаи ҳамлаҳои паҳподии Украина маҷрӯҳ шудаанд, ки тақрибан 89%-и шумораи умумии қурбониёнро ташкил медиҳад", - изҳор дошт ӯ.
Сафир қайд кард, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Украина қасдан ба иншооти энергетикӣ, ҳамла мекунад, то шароити зиндагиро барои аҳолии осоишта бад кунанд. Ба гуфтаи Мирошник, қатъи барқи бештар дар ҶМД, ки дар он тақрибан 500 ҳазор сокин бе барқ мондаанд ва дар ҶМЛ, ки дар он 208 ҳазор нафар дар ҳафт минтақа бе барқ мондаанд, сабт шудааст.