Чарх бизан, ҷони ман: Дар Маскав консерти наврӯзӣ баргузор шуд- видео

Консерти наврӯзӣ бо ситораҳои тоҷик дар Маскав ҳазорон нафарро ба ҳам овард. Ҳаводорон бо ситораҳои эстрадаи тоҷик ҷашни асосии баҳорро таҷлил карданд
Sputnik
Дар пойтахти Русия чунин анъана барномаи бошукуҳи фарҳангии наврӯзӣ доир гардид.
Дар ин чорабинӣ ситораҳои мусиқии попи Тоҷикистон консерти бошукӯҳ барпо карданд.
Аз ин чорабинӣ хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ва боз беш аз 11 ҳазор тамошобин барномаро дидан кард.
Баъзеҳо аз Санкт-Петербург, Екатеринбург ва дигар шаҳрҳо ба пойтахти Русия барои иштирок дар консерт омада буданд.
"Дар байни тамошобинон шаҳрвандони Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Чин, Туркманистон, Туркия, Озарбойҷон ва кишварҳои Халиҷи Форс буданд, ки Наврӯзро ҳамчун Соли нав ҷашн мегиранд. Дар он ВАО аз 30 кишвар барои иштирок дархост пешниҳод карданд", - гуфт намояндаи кумитаи тадорукоти консерт ба Sputnik Тоҷикистон.
Созмондиҳандагони чорабинӣ фазои фаромӯшнашаванда ва чун ваъда барномаи бошукӯҳ, анъанаҳои шарқӣ, сурудҳои дӯстдошта ва намоиши дилнишинро пешкаш карданд.
Консерти бузург дар Маскав: Тоҷикистониён Наврӯзро бо шукуҳ ҷашн мегиранд
Саҳнаро таронаҳои ҷаззоби сиртораҳои мусиқии тоҷик Парвиз Назаров, Ҷурабек Муродов, Шабнам Сурайё, Фахриддин Ҳакимов ва ғайра гарм карду, шабро барои ҳозирин фаромӯшнашаванда сохтанд.
Лаҳзаҳои ҷолиб аз барномаи фарҳангиро, ки ситораҳои тоҷик ва садҳо мухлисашонро ба ҳам овард, дар навор бубинед.