Тоҷикистон дар ду моҳ ба маблағи 10,5 млрд сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол кардааст

Дар зарфи ду моҳи аввали соли равон корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба маблағи 10,5 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 апр – Sputnik. Дар моҳҳои январ ва феврали соли 2026 дар Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусӣ ба маблағи 10 миллиарду 543 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд.
Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои ин Агентӣ ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 1,5 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Қайд карда шудааст, ки дар ду моҳи соли 2026 рушди соҳа асосан аз ҳисоби баланд гардидани ҳаҷми истеҳсолот дар бахшҳои саноати истихроҷ 1,9 фоиз, саноати коркард 26,3 фоиз, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 1,1 фоиз ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва маҳсулоти дуюмдараҷа — 23,0 фоиз зиёд гардидааст.
Ҳамчунин хабар дода шудааст, ки моҳҳои январ ва феврали соли 2026 дар ҷумҳурӣ 3954 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият намуданд, ки аз ин 365 адад ба соҳаи саноати истихроҷ, 3416 адад ба саноати коркард, 72 адад ба таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво ва 101 адад ба таъминоти об ва коркарди партовҳо рост меоянд.
Супоришҳо дод: Раҳмон аз мушкилот дар рушди саноату кишоварзӣ дар Суғд таъкид кард
Тибқи иттилои ин ниҳоди давлатӣ, рушди устувори соҳаи саноат дар ҷумҳурӣ идома дорад.
Ин рушд барои тақвияти иқтидори истеҳсолӣ, таъсиси ҷойи нави кор ва таъмини рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Бояд қад кард, ки саноат яке аз соҳаҳои калидии иқтисоди миллӣ буда, дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ нақши муҳим дорад.