Кӯҳансолтарин собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон: Файзиев 103 сола мешавад

Сафаралӣ Файзиев 103-солагии худро дар Рӯзи Ғалаба ҷашн мегирад; ӯ 9 майи соли 1923 таваллуд шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 апр – Sputnik. Куҳансолтарин собиқадори ҶБВ дар Тоҷикистон дар Бохтар зиндагӣ мекунад.
Дар ин бора аз Шӯрои собиқадорони ҷанги ҷумҳурӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.
Сафаралӣ Файзиев 103-солагии худро дар Рӯзи Ғалаба ҷашн мегирад; ӯ 9 майи соли 1923 таваллуд шудааст.
Дар Бохтар, як собиқадори ҷанг боқӣ мондааст. Илова бар ин, як собиқадори ҷанг дар Душанбе ва ду нафар дар вилояти Суғд зиндагӣ мекунанд.
Шумораи бештари собиқадорони ҷанг, ки шаш нафаранд, дар вилояти Хатлон зиндагӣ мекунанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки айни замон дар Тоҷикистон 10 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва инчунин 100 нафар коргарони ақибгоҳ зиндагӣ мекунанд.
Дар давраи ҷанг 300 ҳаз. нафар аз ҷумҳурӣ ба фронт даъват шуда, беш аз 90 ҳаз. нафар аз Артиши Сурх барнагаштанд.
Дар Тоҷикистон танҳо 10 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст
Тибқи маълумоти Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати Тоҷикистон, 56 ҳаз. нафар барои хидматҳои ҳарбӣ бо ордену медалҳои ИҶШС мукофотонида шудаанд. Ғайр аз ин, 56 сокини ҷумҳурӣ Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва 21 нафар бо ордени Шӯҳрат қадрдонӣ шудаанд.
Ғайр аз ин, тибқи маълумоти расмӣ, дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ 100 ҳаз. сокин аз саросари ИҶШС ба Тоҷикистон кӯчонида шудаанд. Дар ин давра дар ҷумҳурӣ 29 беморхонаи махсусгардонидашуда фаъолият мекард, ки дар онҳо даҳҳо ҳазор сарбозони хатти фронт табобат мегирифтанд. Бисёре аз онҳо баъдан ба Артиши Сурх баргаштанд.