ДУШАНБЕ, 5 апр - Sputnik. Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон оид ба раддабандии кишвар аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ, ки пажуҳишгоҳи "IQAir"-и Швейтсария нашр кардааст, вокуниш нишон додааст.
Ёдовар мешавем, ки ахиран пажуҳишгоҳи "IQAir"-и Швейтсария, ки ба омӯзиши ҳамарӯзаи сифати ҳаво дар ҷаҳон машғул аст, дар соли 2025 Тоҷикистонро аз лиҳози ифлосии ҳавои атмосферӣ бо нишондиҳандаи 57,3 мкг/м³ дар ҷаҳон дар ҷойи 3-юм қарор дод.
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон вобаста ба ин раддабандӣ таъкид намудааст, ки чунин баҳогузориҳо ба шарҳи мутавозин, аз лиҳози илмӣ асоснок ва касбӣ арзёбӣ шавад.
“Раддабандии мазкур дар асоси консентратсияи миёнаи солонаи заррачаҳои хурди дисперсион андозаашон 2,5Мкр (PM2.5) таҳия гардида, ҳамаи омилҳои таъсиррасон ба сифати ҳавои атмосфериро дар қаламрави кишвар пурра инъикос намекунад”, - қайд кардааст Агентӣ.
Манбаъ қайд кардааст, ки нишондиҳандаҳои кишвар аз маълумоти шумораи ками нуқтаҳои ченкунӣ гирифта шудаанд, махсусан аз нуқтаҳое, ки дар минтақаҳои таъсири партовҳои шаҳрӣ ва интиқоли чангу ғубор насб гардидаанд.
“Ин маънои онро дорад, ки баровардани хулосаҳои фарогир барои тамоми кишвар танҳо дар асоси маълумоти нисбатан ками нуқтаҳои сифати ҳаво аз нигоҳи методологӣ пурра дуруст нест”, - қайд кардааст манбаъ.
Агнетӣ зикр кардааст, ки дар ҳолати маҳдуд будани шумораи нуқтаҳои мониторинг, нишондиҳандаи ниҳоӣ метавонад ба маълумоти истгоҳҳои алоҳида ё нуқтаҳои шаҳрӣ вобастагӣ дошта бошад ва дар ин ҳолат наметавон тамоми қаламрави давлатро пурра инъикос намуд.
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон хабар додааст, мониторинги сифати ҳавои атмосферӣ дар кишвар ҳамарӯза роҳандозӣ шудааст.
Гуфта шудааст, ки аз моҳи ноябри соли 2016 дар Агентӣ стансияи худкори мониторинги сифати ҳаво фаъолият менамояд, ки дар ҳамкорӣ бо Институти метеорологии Финляндия сохта шудааст.
“Стансияи мазкур назорати шабонарӯзии таркиби атмосфераи шаҳри Душанберо таъмин намуда, дар он консентратсияи газҳои асосии ифлоскунанда, инчунин заррачаҳои муаллақ ва параметрҳои метеорологӣ чен карда мешаванд.
Қайд карда шудааст, ки сарчашмаи маълумоти раддабандишуда ғайрирасмӣ буда, он ба маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ комилан мутобиқат намекунад.
Айни замон дар Агентии обуҳавошиносӣ аз рӯи меъёрҳои пешниҳоднамудаи давлатҳои ИДМ, ки дар кишвар қабул гардидааст, маълумот коркард мешавад.
Агентӣ афзудааст, ки бо пешниҳоди маълумоти миқдори ками стансияҳои сифати ҳаво, ки танҳо дар шаҳри Душанбе мавҷуд мебошад, баҳогзории тамоми ҷумҳурӣ ба ҳақиқат мувофиқат наменамояд.
“Барои баҳогузории пурраи сифати ҳаво дар асоси дастурамалҳо меъёрҳои муосир, шароити ҷуғрофӣ ва ҳудуди фарогири мушоҳидавӣ бояд ба инобат гирифт шаванд”, - таъкид кардааст ин ниҳоди давлатӣ.
Дар ҳамин ҳол, Агентӣ қайд кардааст раддабандии "IQAir"-ро наметавон нодида гирифт, аммо онро ҳамчун арзёбии комилан пурраи сифати ҳаво дар тамоми қаламрави Тоҷикистон низ қабул кардан дуруст нест.
Раддабандии мазкур мавҷудияти мушкилоти ҷиддиро бо заррачаҳои андозаашон 2,5Мкр (PM2.5) нишон медиҳад, аммо барои хулосаҳои дақиқ зарур аст, ки мониторинги васеъ, инчунин муқоисаи маълумоти байналмилалӣ бо мушоҳидаҳои миллӣ ва таҳлили манбаъҳои ифлосшавӣ анҷом дода шавад.
“Маҳз чунин равиш метавонад воқеъбинона, касбӣ ва мутобиқ ба манфиатҳои кишвар бошад. Танҳо таҳлили дақиқ вазъи воқеии ҳаворо дар ҷумҳурӣ пурра нишон медиҳад”, - хулоса кардааст Агентӣ.