Гурӯҳҳои тонкчиёни Артиши 1-уми Русия маҳорати ҷангии худро такмил медиҳанд. Онҳо аз амалиётҳои паҳподӣ таҷрибаомӯзӣ мекунанд.
Дар ин бора ба РИА Новости фармондеҳи гурӯҳи танк бо тахаллуси "Пир"-и гурӯҳи нерӯҳои "Ғарб" хабар дод.
"Мо экипажҳои танкчиёнро аз хатти пеш, онҳое, ки ба бозомӯзӣ ниёз доранд, берун мекашем. Як ҳафта, ҳадди аксар ду ҳафта барои одамон кофӣ аст, ки барномаро пурра аз худ кунанд. Онҳо инчунин дар ин ҷо бо "паҳподҳо", яъне бо операторони FPV ҳамкорӣ мекунанд", - гуфт "Пир”.
Ба гуфтаи ӯ, ба омӯзиши фармондеҳон таваҷҷӯҳи махсус дода мешавад, ки тирпаррониро бо истифода аз паҳподҳои назоратӣ омӯзанд.
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти махсуси низомӣ анҷом медиҳад.
Президенти Русия Владимир Путин рисолати худро "ҳимояи одамоне, ки ҳашт сол боз аз ҷониби режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озод кардани Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.